Главная / Ҷамъият / Меъёри андоз

Меъёри андоз

Моддаи 279-и Кодекси Андоз. Меъёри андоз

  1. Меъёри андоз аз объектҳои ғайриманқул вобаста ба масоҳати ишғолнамудаи объекти молу мулки ғайриманқул ва мақсади истифодабарии он бо фоиз аз рўи нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо муайян карда мешавад.
  2. Меъёри андоз тибқи андозаҳои зерин мукаррар карда мешавад:

-барои объектҳои ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашаванда, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо то 90 метри мураббаъ- ба андозаи 3 фоиз;

-барои масоҳати боқимондаи объектҳои ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашаванда,инчунин биноҳои ёрирасони онҳо зиёда аз 90 метри мураббаъ- ба андозаи 4 фоиз;

– барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашаванда то 250 метри мураббаъ – ба андозаи 12,75 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур;

– барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашавандаи масоҳати боқимондаашон зиёда аз 250 метри мураббаъ – ба андозаи 15 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур;

– барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани дигар намуди фаъолият истифодашаванда то 200 метри мураббаъ – ба андозаи 9 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур;

– барои  объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани дигар намуди фаъолият истифодашавандаи масоҳати боқимондаашон зиёда аз 200 метри  мураббаъ – ба андозаи 12 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур.  (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)

  1. Коэффитсиентҳои зерини минтақавӣ андозаи пардохти андоз аз объектҳои ғайриманқулро ба танзим медароранд:

 

Гурўҳҳо Номгўи шаҳрҳо ва ноҳияҳо Коэффисентҳои минтақавӣ
1. қаламрави шаҳри Душанбе 1,0
2. қаламрави шаҳрҳои Хуҷанд, Қўрғонтеппа ва Кўлоб 0,8
3. қаламрави шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, Табошар, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Норак, Сарбанд ва Хоруғ 0,55
4. қаламрави дигар шаҳракҳо ва марказҳои маъмурии ноҳияҳое, ки дар гурўҳҳои 1, 2 ва 3 нишон дода нашудаанд (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188) 0,4
5. қаламрави деҳоти мансуб ба ноҳияҳои (шаҳрҳои) Истаравшан, Қайроққум, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Панҷакент, Ваҳдат, Рўдакӣ, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Ёвон, Восеъ, Данғара, Кўлоб, Фархор, Ҳамадонӣ, Мўъминобод, Норак, Вахш, Қубодиён, Қумсангир, Носири Хусрав, Панҷ, Сарбанд, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликўл ва Шаҳритус 0,3
6. қаламрави деҳоти мансуб ба ноҳияҳои (шаҳрҳои) Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Варзоб, Файзобод, Тавилдара, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Шўрообод 0,15
7. қаламрави  деҳоти мансуб ба ноҳияҳои (шаҳрҳои) Ғончӣ, Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Нуробод, Рашт, Роғун, Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Рўшон, Хоруғ ва Шуғнон 0,09

 

  1. Аз рўи объектҳои ғайриманқуле, ки дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ ва истироҳат ҷойгир мебошанд, меъёрҳои андоз  ба андоза 2-каратаи меъёрҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Барои андозбандии таҳхонаҳо ва болохонаҳо, инчунин барои биноҳои (ҳуҷраҳои) ёрирасон меъёрҳои дар қисми 2 ҳамин модда муқарраршуда истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

 

  • 4. Муқаррароти умумӣ дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …