Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳо

Имтиёзҳо

Моддаи 278-и Кодекси Андоз. Имтиёзҳо

Бо андоз аз объекти ғайриманқул инҳо андозбандӣ намегарданд:

– муассисаҳои давлатие, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ  маблағгузорӣ мешаванд,нисбат ба объектҳои ғайриманқули давлатие, ки бевосита аз ҷониби чунин муассисаҳо барои татбиқи вазифаҳои оинномавии худ истифода бурда мешаванд;

– шахсони ҳуқуқӣ, ки 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медиҳанд,нисбат ба объектҳои ғайриманқуле, ки бевосита аз ҷониби чунин шахсон барои иҷро намудани вазифаҳои оинномавии худ истифода бурда мешаванд;

– объектҳои ғайриманқул дар шакли як хонаи истиқоматӣ ва дигар биноҳои дар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ё як қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷойдошта ва  ё як ҳуҷрае, ки дар онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил, маъюбони гурўҳҳои I ва II ба қайд гирифта шудаанд;

– объектҳои ғайриманқули ташкилотҳои динӣ, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешавад;

– масоҳати объектҳои ғайриманқули давлатӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба иҷора дода шуда, иҷорапулии онҳо дар ҳаҷми пурра ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …