Главная / Ҷамъият / Манбаи андоз

Манбаи андоз

Моддаи 277-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

  1. Манбаи андоз масоҳати умумии ишғолнамудаи объекти ғайриманқул, аз ҷумла масоҳати ҳар як ошёнаи бинои бисёрошёна мебошад.
  2. Барои таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳо, ки баландии онҳо ба ҳисоби миёна зиёда аз 2 метр мебошад, ҳамчун манбаи андоз 50 фоизи масоҳати ишғолнамудаи онҳо гирифта мешавад. Ба манбаи андоз таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда намешаванд, дохил намегарданд.
  3. Барои биноҳои ёрирасони шахсони воқеӣ (гаражҳо, саройҳо ва дигар биноҳои ёридиҳанда), ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд, ба сифати манбаи андоз 50 фоизи масоҳати ишғолнамудаи онҳо гирифта мешавад.
  4. Андозаи (ҳаҷми) объектҳои ғайриманқул дар асоси ҳуҷҷатҳои техникии дахлдор ё дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба чунин объектҳо муайян карда мешавад.Андозаи (ҳаҷми) объектҳои ғайриманқул инчунин тавассути аз берун чен кардан ё дар ҳолати имконнопазир будани ченкунии берунӣ, аз рўи масоҳати умумии муфиди манзили дохилии объект, ки ба коэффисиенти 1,25 зиёд карда шудааст, аз ҷониби мақомоти андоз бо иштироки андозсупоранда муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …