Главная / Ҷамъият / Меъёрҳои андози замин

Меъёрҳои андози замин

Моддаи 273-и Кодекси Андоз. Меъёрҳои андози замин

  1. Меъёрҳои андоз аз як гектари замин дар миқёси вилоятҳо ва шаҳрҳо (ноҳияҳо) бо дарназардошти минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, аз ҷумлазаминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои зери ҷангалзор ва буттазорҳои маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои истифодаи кишоварзӣ ҳар 5 сол бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар сол меъёрҳои андози заминро мутобиқисатҳи таваррум дар соли гузаштаи андоз, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор муайян карда мешавад, индексатсия намуда, меъёрҳои индексатсияшудаи андози заминро барои соли ҷории тақвимӣ дар сомонаи расмии электронии худ ҷойгир мекунад.
  3. Заминҳо барои сохтмони манзили истиқоматии шахсони воқеӣ дар маҳалҳои аҳолинишин бояд мувофиқи тартиби зайл андозбандӣ гарданд:

1) Масоҳати ҳар як қитъаи замине, ки ба истифодабарандаи замин тибқи ҳуҷҷати алоҳидаи (мустақили) тасдиқкунанда вобаста карда шудааст, ба истиснои ҳолате, ки ин қитъаҳои замин ҳамҳудуд мебошанд, бо мақсади андозбандӣ алоҳида баррасӣ мегардад. Ҳангоми андозбандӣ масоҳати қитъаҳои замини ҳамҳудуд, ки ба як андозсупоранда дар асоси ҳуҷҷатҳои мухталифи (якчанд ҳуҷҷатҳои) муайянкунандаи ҳуқуқ вобаста карда шудаанд, ҷамъ карда шуда, ин қитъаҳои ҳамҳудуди замин чун як қитъаи замин баррасӣ мегарданд.

2) Ҳисоб намудани маблағи андози замин мувофиқи тартиби зайл вобаста ба ҳаҷми қитъаи замин, ки ба истифодабарандаи замин вобаста карда шудааст, анҷом дода мешавад:

а) то 800 метри мураббаъ – тибқи меъёрҳои муқарраргардида;

б) зиёда аз 800 метри мураббаъ то 2000 метри мураббаъ – маблағи андоз, ки тибқи зербанди а) ҳамин банд ҳисоб шудааст, ҷамъи маблағи бо дарназардошти меъёри 2-каратаи андоз ҳисобшуда, барои майдоне, ки аз 800 метри мураббаъ зиёд аст;

в) беш аз 2000 метри мураббаъ – маблағи андозе, ки тибқи зербанди б) ҳамин банд ҳисоб карда шудааст, ҷамъи маблағи бо дарназардошти меъёри 5-каратаи андоз ҳисобшуда барои майдоне, ки аз 2000 метри мураббаъ зиёд аст.

  1. 4. Ҳангоми андозбандии масоҳати ҳар як қитъаи замине, ки ба истифодабарандаи замин тибқи ҳуҷҷати алоҳидаи (мустақили) тасдиқкунанда вобаста карда шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин қитъаҳои замин ҳамҳудуд мебошанд, алоҳида баррасӣ мегардад. Ҳангоми андозбандӣ масоҳати қитъаҳои замини ҳамҳудуд, ки ба як заминистифодабаранда дар асоси ҳуҷҷатҳои мухталифи (якчанд ҳуҷҷатҳои) муайянкунандаи ҳуқуқ вобаста карда шудаанд, ҷамъ карда шуда, ин қитъаҳои ҳамҳудуди замин чун як қитъаи замин баррасӣ мегарданд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …