Главная / Ҷамъият / Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ

Моддаи 271-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандии андози замин заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои берун аз маҳалҳои аҳолинишин бо дарназардошти сифат, баҳои кадастрии замин, таъиноти истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологии қитъаи замин мебошанд, ки мансубияти онҳоро қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  2. Асос барои муайян намудани андози замин бо дарназардошти муқаррароти қисми 1 ҳамин модда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замини(ҳуҷҷатҳои кадастри замини) заминистифодабаранда ё истифодабарии воқеии замин мебошад.Агар масоҳати замини амалан истифодашаванда назар ба масоҳати замини мутобиқи ҳуҷҷатҳои кадастри замини андозсупоранда зиёд бошад, барои мақсадҳои андозбандӣ масоҳати замини амалан истифодашаванда қабул карда мешавад.
  3. Маблағи андози замин ба натиҷаи фаъолияти хоҷагидории истифодабарандаи замин вобаста набуда, дар шакли пардохтҳои устувор барои воҳиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешавад.
  4. Супорандагони андози замин дигар андозҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …