Главная / Ҷамъият / Андозсупорандагон

Андозсупорандагон

Моддаи 270-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон

  1. Андози заминро заминистифодабарандагон, ки қитъаҳои замин ба онҳо барои истифодаи якумраи меросӣ, бемўҳлат, мўҳлатнок ё ба иҷора дода шудаанд, ё заминистифодабарандагони воқеан қитъаҳои заминро истифодабаранда, ба истиснои заминистифодабарандагоне, ки шартҳои низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро иҷро мекунанд, пардохт менамоянд.
  2. Супорандагони андози замин инчунин инҳо мебошанд:

– истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба низоми умумии андозбандӣ гузаштаанд ва (ё) истифодабарандагони заминҳое, ки бо андози ягона андозбандӣ намешаванд;

– шахсони истифодабарандаи низоми махсус ё имтиёзноки андоз, агар дар асоси чунин низомҳо озодкунӣ аз андози замин пешбинӣ нагардида бошад.

  1. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие, ки шартҳои низомҳои махсуси андозро қонеъ мегардонанд ва агар баъди гузариши охирин ба низоми умумии андозбандӣ 3 соли тақвимӣ гузашта бошад, ўҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи фасли XVI Кодекси мазкур ба пардохти андози ягона ё пардохти андоз бо шакли соддакардашуда гузаранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …