Главная / Ҷамъият / Кадастри давлатии шаҳрсозӣ

Кадастри давлатии шаҳрсозӣ

Моддаи 27-и  Қарори шаҳрсозӣ. Кадастри давлатии шаҳрсозӣ

  1. Кадастри давлатии шаҳрсозӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва пеш бурда мешавад, ки он нисбат ба унсурҳои ба низомҳои кадастрӣ ва бақайдгирии давлатии дигар дохил набуда (объектҳои бо риояи талаботи рушди шаҳрсозӣ ва истифодаи ҳудудҳо ва объектҳои дигар ба лоиҳа гирифташаванда ва сохташаванда), вазифаи бақайдгириро иҷро менамояд.
    2. Кадастри давлатии шаҳрсозиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва сохторҳои маҳаллии он аз рӯи низоми барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва маблағҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънагардида пеш мебаранд.
    3. Кадастри давлатии шаҳрсозӣ инҳоро дар бар мегирад:
    – маводи топографию геодезӣ ва харитасозӣ;
    – маълумот дар бораи вазъи экологӣ, муҳандисию геологӣ, сейсмикӣ ва гидрогеологии ҳудудҳо;
    – маълумот дар бораи объектҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ободонии ҳудуд;
    – маълумот дар бораи банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудуд, маҳалҳои аҳолинишин ва иморатсозии онҳо;
    – маълумот дар бораи минтақабандии ҳудуд ва дастурҳои шаҳрсозии минтақаҳои ҳудудӣ;
    – маълумот дар бораи вазъи техникии фонди манзил;
    – маълумоти мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ.
    4 . Иттилооте, ки дар кадастри давлатии шаҳрсозӣ сабт гардидааст, бо мақсадҳои таъмини корҳои зерин истифода бурда мешавад:
    – татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ;
    – қабули қарор оид ба низоми оқилонаи истифодаи функсионалии ҳудуд;

– таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавӣ барои сохтмон;
– таҳияи дурнамо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудуд;
– амалӣ намудани намуди дигари фаъолияте, ки доир ба ҳудуд маълумоти дақиқро талаб менамояд.
5. Иттилооти дар кадастри давлатии шаҳрсозӣ мавҷудбуда ба таркиби захираҳои иттилоотие дохил мешавад, ки аҳамияти давлатӣ доранд.
6. Мақом ва шахсони мансабдоре, ки кадастри давлатии шаҳрсозиро пеш мебаранд, вазифадоранд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони манфиатдор дастрас намудани маълумоти дахлдорро аз кадастри давлатии шаҳрсозӣ таъмин намоянд.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …