Главная / Ҷамъият / Муқаррароти асосӣ

Муқаррароти асосӣ

Моддаи 269-и Кодекси Андоз. Муқаррароти асосӣ

  1. Дар фасли мазкур андозҳои зерин аз молу мулки ғайриманқули барои истифодаи (ихтиёрдории) қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқул пардохтшаванда муқаррар карда мешаванд:

– андози замин;

– андоз барои объектҳои ғайриманқул.

  1. Барои мақсадҳои фасли мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

– молу мулки ғайриманқул – қитъаҳои замин, объектҳои ғайриманқул;

– қитъаҳои замин – заминҳое, ки барои истифода дода шудаанд ё амалан дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ё бе онҳо истифода мешаванд;

– объектҳои ғайриманқул –биноҳо, иморатҳо ва молу мулки дигари ба замин мустаҳкам насбгардида, яъне объектҳое, ки ҷойивазкуниашон бе расонидани зарари моддӣ ба онҳо ғайриимкон аст.

 

  1. Муқаррароти марбут ба андози замин

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …