Главная / Ҷамъият / Тартиби супоридани андоз

Тартиби супоридани андоз

Моддаи 268-и Кодекси Андоз. Тартиби супоридани андоз

  1. Андоз бояд ба буҷети дахлдори маҳаллии маҳалли бақайдгирии (баҳисобгирии) воситаҳои нақлиёт на дертар аз мўҳлати гузаштани бақайдгирӣ, аз нав бақайдгирӣ ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти автомобилӣ пардохт шавад. Мўҳлати муоинаи ҳарсолаи техникии воситаҳои нақлиётро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Риоя накардани мўҳлати супоридани андоз барои ҳисоб намудани фоизҳомувофиқи тартиб ва дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси мазкур асос мебошад. Ҳангоми аз нав ба қайд гирифтани воситаи нақлиёт, агар соҳиби пештараи он барои соли мазкури тақвимӣ андозро пардохта бошад, андоз супорида намешавад.
  2. Бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар хусуси супоридани андоз барои соли ҷорӣ бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва муоинаи техникӣ гузаронида намешавад. Андозсупоранда ҳуқуқ надорад бе пардохти андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт барои соли ҷорӣ воситаи нақлиётро истифода барад.
  3. Дар сурати набудани ҳуҷҷат дар хусуси гузаштани муоинаи ҳарсолаи техникӣ мақомоти ваколатдор бояд аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳуҷҷати супоридани андозро талаб намоянд.
  4. Ҳисоби маблағи андозе, ки бояд барои соли ҷорӣ пардохт шавад, шахсони ҳуқуқӣ ба мақоми андози маҳалли бақайдгирии худ то 1-уми апрели соли ҷорӣ пешниҳод менамоянд. Шакли ҳисоб оид ба маблағи ҳисобшудаи андоз аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
  5. Ҳар сол то 1-уми апрели соле, ки баъд аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, мақомоти ваколатдор аз рўи шакл ва мувофиқи тартиби дар мувофиқа бо ин мақомоти ваколатдор муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи воситаҳои нақлиёте, ки ба санаи 31-уми декабри соли ҳисоботӣ дар ин мақомот ба қайди давлатӣ гузошта шудаанд (ба ҳисоб гирифта шудаанд), шумораи воситаҳои нақлиёте, ки аз муоинаи ҳарсолаи техникӣ гузаштаанд ва маблағи андози дар соли ҳисоботӣ супоридашуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод менамояд.
  6. Назорати пардохти андозро мақомоти ваколатдор амалӣ менамоянд. Назорати умумии пардохти пурра ва саривақтии андоз аз воситаҳои нақлиётро мақомоти андоз амалӣ менамоянд.
  7. Дастурамал дар бораи ҳисобкунӣ ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, инчунин шаклҳои ҳисобкунии андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …