Главная / Ҷамъият / Озодкунӣ

Озодкунӣ

Моддаи 267-и Кодекси Андоз. Озодкунӣ

Аз андозбандӣ  озод карда мешаванд:

-тракторҳои дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда, комбайнҳои муҳаррикдори ғалладаравӣ ва махсус, аз ҷумла комбайнҳои пахтачинӣ;

-автобусҳо ва троллейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум барои мусофиркашонӣ дар шаҳрҳо истифода мебаранд;

-воситаҳои нақлиёти тиббии махсус;

– воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188);

-як автомобили (мотоколяскаи) ба маъюб тааллуқдоштаи бо даст идорашаванда;

-нақлиёти саноатии роҳи оҳан (ба истиснои локомотивҳо);

-як автомобил, новобаста ба иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни  дигар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни барҳамдиҳии оқибатҳои фалокати Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил мебошад ва дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …