Главная / Ҷамъият / Қабул намудан ба ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ

Қабул намудан ба ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ

Моддаи 264-и Кодекси Меҳнат. Қабул намудан ба ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ

  1. Ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ (минбаъд – хизматчии гражданӣ) – шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби воҳидии музднокро дар мақомоти давлатӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои мансабӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои онҳо ва амалӣ намудани хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ ишғол менамоянд.
  2. Қабул ба хизмати гражданӣ дар мақомоти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  3. Номгўйи мансабҳои хизматчиёни гражданиро (ҳайати техникӣ ва хизматрасонро) дар мақомоти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …