Главная / Ҷамъият / Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ

Моддаи 264-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ

  1. Объектҳои андозбандӣ воситаҳои нақлиёт, мошинаҳо ва механизмҳои худгард, воситаҳои шинокунанда ва локомотивҳои дар роҳи оҳан истифодашаванда мебошанд, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд ва (ё) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шуда, номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Объектҳои андозбандӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар соҳаҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, мудофиа, кишоварзӣ ва (ё) мақомоти дигари давлатӣ (минбаъд дар ин боб – мақомоти ваколатдор) ба ҳисоб гузошта мешаванд.
  3. Нагузаронидани бақайдгирии давлатӣ ва (ё) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта нашудани воситаҳои нақлиёт, инчунин вайрон ё бо дигар сабабҳо истифода нагардидани воситаҳои техникӣ, ки аз қайди дар боло пешбинигардида гузаштаанд (ба ҳисоб гирифта шудаанд) барои аз ҷониби соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт напардохтани маблағи андози пардохтшаванда асос шуда наметавонад.
  4. Аз ҳайати объекти андозбандӣ хориҷ намудани воситаҳои нақлиёт баъд аз хориҷ кардан аз қайди давлатӣ ва (ё) аз ҳисоб бароварданмувофиқи тартиб ва бо асосҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба анҷом расонида мешавад.
  5. Объектҳои андозбандӣ бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори дар қисми 2 ҳамин модда муайяншуда на зиёда аз 1 маротиба дар 5 соли тақвимӣ инвентаризатсияи ҳуҷҷатӣ карда шаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …