Главная / Ҷамъият / Тартиби ҳисобкунӣ ва мўҳлати пардохти андоз

Тартиби ҳисобкунӣ ва мўҳлати пардохти андоз

Моддаи 260-и Кодекси Андоз. Тартиби ҳисобкунӣ ва мўҳлати пардохти андоз

  1. Маблағи андози пардохтшавандаро андозсупорандагон дар асоси арзиши(ҳаҷми) молҳои андозбандишаванда ва меъёри андоз мустақилона ҳисоб мекунанд. Дар ҳуҷҷатҳои пардохти андоз намуди амалиёти андозбандишаванда зикр карда мешавад.
  2. Ҳангоми харида фурўхтани молҳои андозбандишаванда андоз аз фурўш бо дарназардошти нархи молҳои андозбандишаванда дар санаи харид (гирифтан), дар санаи фурўш (интиқол) ва ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда муайян карда мешавад.
  3. Ҳангоми дар рўзи фурўш (супоридан) мавҷуд набудани маълумот дар бораи нархи биржавӣ, андоз дар асоси маълумоти мавҷудаи охирон оид ба нархи биржавии моли андозбандишаванда дар санаи наздиктарини рўзи фурўш ҳисоб карда мешавад. Маблағи андоз аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми ворид гаштани маълумот оид ба нархи моли андозбандишавандаи фурўхташуда дар санаи фурўш тасҳеҳ карда мешавад.
  4. Андоз то таҳвили (интиқоли) моли андозбандишаванда ё дар мўҳлати на дертар аз 3 рўзи баъди ворид шудани маблағ ба суратҳисоби андозсупоранда дар бонк ё ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд ба хазинаи ў воридшуда, ҳангоми дигар амалиётҳои андозбандӣ бошад, то лаҳзаи бор кардан, таҳвил ё интиқоли молҳои андозбандишаванда пардохт мешавад. Шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти андозбандишаванда молҳои андозбандишавандаро харидаанд, ўҳдадоранд, ки дар мўҳлати 10 рўз нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андозро ба нозироти андози андозсупорандагони калон пешниҳод кунанд. Дар ҳолати вуҷуд надоштани ҳуҷҷатҳои мазкур, ин шахсон ўҳдадоранд маблағи пурраи андозро аз ҳисоби худ пардохт намоянд.
  5. Ҳангоми аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба берун содир кардани моли андозбандишаванда то гузаштани сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз рўи нархҳои дар лаҳзаи содирот амалкунанда пардохт мешавад. Барасмиятдарории гумрукии содироти молҳои андозбандишаванда ба берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тасдиқномаи нозироти андози андозсупорандагони калон доир ба пардохти андоз аз фурўш амалӣ карда мешавад.
  6. Ҳисоб намудани андоз барои амалиёти андозбандишаванда ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани алюминийи аввалия бо истифодаи низоми гумрукии барориш ба муомилоти озод бо дарназардошти талаботи боби мазкур ва қонунгузории гумрукиҶумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  7. Эъломияи андоз аз фурўш дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ҳисобҳо) дар бораи пардохти андоз нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 258 Кодекси мазкур ба мақомоти дахлдори андоз аз ҷониби андозсупоранда дар мўҳлатҳои барои пардохти андоз муқарраргардида пешниҳод карда мешавад.
  8. Эъломияи андоз аз фурўш дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ҳисобҳо) дар бораи пардохти андоз нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисми 4 моддаи 258 Кодекси мазкур аз ҷониби таҳвилкунанда ба мақомоти дахлдори андоз на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …