Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад

Моддаи 26-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад 

  1. Шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ҳуқуқ дорад бо ҳамаи маводи парванда шинос шавад, баёнот диҳад, далелҳо оварад, дархост ва раддия изҳор намояд, аз ёрии ҳуқуқии ҳимоятгар истифода барад, бо забони модариаш сухан кунад, ҳангоми надонистани забони пешбурди парванда аз хизмати тарҷумон истифода барад, аз болои қарори қабулшуда шикоят намояд, инчунин тибқи Кодекси мазкур аз дигар ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода барад.
  2. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳузури шахсе баррасӣ карда мешавад, ки нисбати ӯ парванда пеш бурда мешавад. Дар ғоибии ин шахс парванда танҳо ба шарте баррасӣ мегардад, ки агар дар бораи ба таври дахлдор ва саривақт хабардор карда шудани ин шахс оид ба маҳал ва вақти баррасии парванда маълумот мавҷуд бошад ва аз ҷониби ин шахс дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда дархост пешниҳод нашуда бошад  ё чунин дархост рад карда шуда бошад.
  3. Судя, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) баррасикунандаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқ доранд иштироки ҳатмии шахсеро, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ҳангоми баррасии парванда зарур шуморанд. Ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки барои содир кардани он ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ ё бо роҳи маъмурӣ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, иштироки шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Ҳангоми саркашӣ кардани шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст, аз ҳозир шудан бо даъвати судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) мутобиқи Кодекси мазкур чораи маҷбуран овардани ӯ татбиқ карда мешавад. 
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …