Главная / Ҷамъият / Истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо

Истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо

Моддаи 26-и  Қарори шаҳрсозӣ. Истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо

  1. Истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошанд.
    2. Истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд:
    – аз мақомоти давлатӣ иттилоот, маълумот ва ҳуҷҷатҳои дахлдори дигарро, ки барои истифодаи объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ заруранд, дархост намоянд ва дастрас кунанд;
    – бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасӣ ва қабули қарорҳои вобаста ба истифодаи объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ иштирок намоянд;
    – бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд намудан, боздоштан ё манъ кардани фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар, инчунин истифодаи бино ва иншооти дигарро, ки истифодаи онҳо бо поймол кардани ҳуқуқҳои истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ амалӣ мегардад, талаб намоянд.
    3. Истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд:
    – қонунгузории соҳаи шаҳрсозиро риоя намоянд;
    – риояи ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ, меъёру қоидаҳои иморатсозии маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳоро таъмин кунанд;
    – талаботи ҳифзи муҳити зист, амнияти экологӣ, инчунин меъёру қоидаҳои санитариро риоя намоянд;
    – амалҳоеро, ки ба муҳити зист, объектҳои мероси фарҳангӣ, манзараҳои шаҳрӣ ва деҳот, иншооти инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, ободонии ҳудудҳо таъсири зарарнок мерасонанд, ба ҳуқуқҳои қонунии шахсони сеюм дахолат мекунанд ва ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои соҳибмулкон, соҳибон ё истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ монеъ мешаванд, содир накунанд.
    4. Истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳо бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …