Главная / Ҷамъият / Манбаи андоз

Манбаи андоз

Моддаи 258-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

  1. Манбаи андоз арзиши молҳои андозбандишаванда мебошад, агар дар қисмҳои 2-4 ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Ҳангоми ҳисоб намудани манбаи андоз арзиши воҳиди моли андозбандишаванда бо дарназардошти сифат, намуд ва навъ,дар асоси нархҳои дар санаи содир гардиданиамалиёти андозбандишаванда дар биржаи металлҳои рангаи Лондон ташаккулёфта муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Андозсупорандагоне, ки бо харида фурўхтани молҳои андозбандишаванда машғуланд, андоз аз фурўшро дар шакли фарқи байни маблағи андозе, ки дар асоси нархҳои барои андозбандӣ истифодашаванда дар санаи фурўши молҳои андозбандишаванда ба харидорон ҳисобкардашуда ва нархҳо дар санаи хариди онҳо аз таҳвилкунандагони худ ҳисоб карда шудаанд, пардохт менамоянд.
  3. Манбаи андоз барои молҳои андозбандишавандае, ки бо истифодаи низоми гумрукии барориш барои муомилоти озод ворид карда мешаванд, мутобиқи қонунгузории гумрук дар асоси нархҳои муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
  4. Манбаи андоз барои молҳои андозбандишавандае, кибо истифодаи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ истеҳсол шудаанд, арзиши (ҳаҷми) маҳсулоти коркарди бо дарназардошти нархҳои мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайяншуда мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …