Главная / Ҷамъият / Муқаррароти умумӣ

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 255-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ

  1. Дар боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

1) Молҳои андозбандишаванда – алюминийи аввалия.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

2) Амалиёти зерини андозбандишаванда (минбаъд барои мақсадҳои ҳамин боб– фурўш):

а) таҳвили молҳои андозбандишаванда;

б) воридоти молҳои андозбандишаванда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) содироти молҳои андозбандишаванда берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) коркарди мустақилонаи молҳои андозбандишаванда аз ҷониби истеҳсолкунанда, додани онҳо барои коркард, ба гарав ва (ё) ба сифати ашёи хом барои коркард;

г) таҳвили (фурўши) молҳои андозбандишаванда тибқи шартномаҳои фючерсӣ (форвардӣ) ё дигар намудҳои додани (бегона кардани) молҳои андозбандишаванда;

д) ба шахси дигар додани молҳои андозбандишавандае, ки натиҷаи хизматрасониҳо оид ба истеҳсоли молҳои андозбандишаванда мутобиқи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

  1. Андоз аз фурўши алюминийи аввалия (минбаъд – андоз аз фурўш) ҳангоми анҷом додани амалиёти андозбандишаванда пардохт мешавад, дар айни замон ҳангоми анҷом додани амалиёти мазкур, ба истиснои амалиёти андозбандишавандаи дарзербанди д) банди 2) қисми 1 ҳамин модда муайяншуда, андоз аз арзиши иловашуда ситонида намешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …