Моддаи 252-и Кодекси Андоз. Меъёри андоз
Меъёри андоз ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
-аз 1-уми январи соли 2013 ба андозаи 0,5 фоиз барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминоту фурўш ва ба андозаи 2 фоиз барои дигар намудҳои фаъолият;
-аз 1-уми январи соли 2015 ба андозаи 0,25 фоиз барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминоту фурўш ва ба андозаи 1 фоиз барои дигар намудҳои фаъолият;
-аз 1-уми январи соли 2018 андоз бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1398)
(Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад)