Главная / Ҷамъият / Манбаи андоз

Манбаи андоз

Моддаи 251-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

  1. Бо дарназардошти дигар қисмҳои ҳамин модда манбаи андози аз объекти андозбандӣ бароянда бо роҳи ҷамъ намудани ҳамаи маблағҳое, ки андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми пурра харҷ кардааст (бояд харҷ кунад), ҳисоб карда мешавад, аз ҷумла:

-хароҷот дар шакли пулӣ ва шакли молӣ барои молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо, ба истиснои пардохтҳо оид ба хароҷот барои сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур хусусияти капиталӣ дошта, бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рўи воситаҳои асосӣ тарҳ карда шаванд;

-хароҷоти дигаре, ки дар сархати якумиҳамин қисм нишон дода нашудаанд, аз ҷумла хароҷоти коргарони кироя (хароҷоти фонди музди меҳнат).

  1. Агар хароҷоти кардашуда (кардашаванда) аз 70 фоизи даромади умумӣ зиёд набошад, он гоҳ манбаи андоз баробари 70 фоизи даромади умумӣ аз ҳамаи намудҳои фаъолият бо тарҳ намудани пардохтҳо (ҳисобкуниҳо) барои молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), ки қаблан ба манбаи андозбандии давраҳои андози гузашта дохил шудаанд, дониста мешавад.
  2. Барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурўш арзиши (нархи) пардохтшудаи (пардохтшавандаи) молҳое, ки минбаъд бояд таҳвил (аз нав фурўхта) шаванд, ҳамчун пардохт (ҳиссаҷудокунӣ) баррасӣ гардида, бояд ба манбаи андозбандӣ дохил карда шавад.
  3. Ба манбаи андоз инҳо дохил карда намешаванд:

-қарзҳои додашавандаи ташкилотҳои қарзӣ;

-арзиши молу мулки ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ додашуда;

-маблағҳои пулӣ ва (ё) молу мулки ройгон ба манфиати давлат додашуда.

  1. Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда дар як вақт анҷом додани фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминоту фурўш, инчунин фаъолияти дигар манбаи андоз аз рўи ҳар намуди чунин фаъолият алоҳида ҳисоб карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …