Главная / Ҷамъият / Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ ҳангоми талоқ

Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ ҳангоми талоқ

Моддаи 25-и Кодекси оила.  Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ ҳангоми талоқ

  1. Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд қатъ мегардад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  2. Бекор кардани ақди никоҳ дар суд бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд, мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Бекор кардани ақди никоҳ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш барои шахсони сеюм эътибори ҳуқуқӣ дорад.  (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …