Главная / Ҷамъият / Баҳисобгирии мӯҳлат

Баҳисобгирии мӯҳлат

Моддаи 25-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Баҳисобгирии мӯҳлат 

  1. Мӯҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бо соат, шабонарӯз, моҳ ва сол ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳисоби мӯҳлат соат ва рӯзе, ки ҷараёни мӯҳлат оғоз мегардад, ба ҳисоб гирифта намешавад. Ин қоида ба ҳисоби мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ дахл надорад. Ба ҳисоби мӯҳлат, инчунин вақти ғайрикорӣ низ зам карда мешавад.
  2. Дар ҳисоби мӯҳлат бо моҳ ё сол, мӯҳлат дар рӯзи дахлдори моҳи охирин хотима меёбад, агар ин моҳ санаи дахлдор надошта бошад, мӯҳлат дар рӯзи охирини ҳамин моҳ ба охир мерасад. Агар хатми мӯҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи охирини мӯҳлат рӯзи якуми кории баъди он рӯз фарорасида ба ҳисоб меравад, ба ғайр аз ҳолатҳои ҳисоби мӯҳлат ҳангоми дастгиркунии маъмурӣ ва ба ҳабси маъмурӣ  гирифтан.
  3. Ҳангоми дастгиркунии маъмурӣ мӯҳлат аз лаҳзаи татбиқи воқеии ин чора ба ҳисоб гирифта мешавад.
  4. Мӯҳлат гузаронидашуда ба ҳисоб намеравад, ба шарте ки шикоят ё дигар санад то гузаштани мӯҳлат дар почта ва барои шахсони ба ҳабси маъмурӣ гирифташуда бошад, то гузаштани мӯҳлат ба маъмурияти маҳали иҷрои ҳабси маъмурӣ супорида шуда бошанд. Вақти супоридани шикоят ё дигар ҳуҷҷатҳо ба почта аз рӯи мӯҳри почта ва вақти супоридани он ба маъмурияти маҳали иҷрои ҳабси маъмурӣ тибқи сабти коргузорӣ ё шахси мансабдори ин муассисаҳо муайян карда мешавад.
  5. Аз ҷониби шахси мансабдор риоя кардани мӯҳлати муайяншуда бо сабти дахлдор дар ҳуҷҷати мурофиавӣ тасдиқ карда мешавад. Гирифтани ҳуҷҷат, ки бояд ба иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ супорида шавад, бо забонхати ба парванда ҳамроҳгардидаи онҳо тасдиқ мегардад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …