Главная / Ҷамъият / Пудратчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо

Пудратчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо

Моддаи 25-и  Қарори шаҳрсозӣ. Пудратчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо

  1. Пудратчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошанд, ки фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд.
    2. Пудратчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд:
    – дар таҳияи қарорҳои нави конструктивии биноҳо, иншоот ва дигар объектҳои иштирок намоянд;
    – дар мувофиқа бо таҳиягари ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва фармоишгар ба ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки нишондиҳандаҳои техникӣ ва иқтисодиро бе коста кардани ҳусни меъморию бадеӣ ва қарори конструктивии биноҳо, иншоот ва дигар объектҳо беҳтар месозад, тағйирот ворид намоянд;
    – аз таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ маслиҳатҳои техникии заруриро гиранд;
    – мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар амалҳоро иҷро намоянд.
    3. Пудратчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд қонунгузории шаҳрсозиро риоя кунанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …