Главная / Ҷамъият / Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ

Моддаи 249-и Кодекси Андоз.  Объекти андозбандӣ

  1. Агар дар қисми 2 ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, объекти андозбандӣ инҳо мебошанд:

-маблағи ҳамаи хароҷоти воқеии дар давраи ҳисоботии андоз барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) дар ҳаҷми пурра анҷомдодаи (анҷом додашавандаи) андозсупоранда. Хароҷот барои сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур хусусияти капиталӣ дошта, бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рўи воситаҳои асосӣ тибқи моддаи 118 Кодекси мазкур тарҳ карда шаванд, объекти андозбандӣ эътироф намешаванд;

– 70 фоизи даромади умумии дар давраи ҳисоботии андоз гирифташудаи (гирифташаванда) андозсупоранда, агар маблағи воқеан  харҷшуда (харҷшаванда) аз 70 фоизи даромади умумӣ зиёд набошад.

  1. Ба объекти андозбандӣ инҳо дохил карда намешаванд:

-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди ҳисобшуда (ба буҷет пардохтшуда);

-андозҳое, ки ҳангоми ҳисобкунии андози фоида мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур ба арзиши аслии молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дохил намешаванд;

– хароҷоти шахсоне, ки бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ё ҳалли масъалаҳои дигари иҷтимоӣ иншооти заруриро бунёд намуда, ба таври ройгон ба моликияти мақомоти дахлдори давлатӣ месупоранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …