Главная / Ҷамъият / Асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корҳои мавсимӣ машғуланд

Асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корҳои мавсимӣ машғуланд

Моддаи 241-и Кодекси Меҳнат. Асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корҳои мавсимӣ машғуланд

Шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корҳои мавсимӣ машғуланд, ғайр аз асосҳое, ки дар моддаи 42 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мумкин аст, бо ташаббуси корфармо дар ҳолатҳои зерин бекор карда шаванд:

– боздошта шудани кори корфармо дар муҳлати зиёда аз ду ҳафта бо сабаби хусусияти истеҳсолӣ;

– ба кор ҳозир нашудани корманд пайдарҳам дар муҳлати як моҳ бо сабаби корношоямии муваққатӣ.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …