Иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ
Meg S
20.04.2018
Ҷамъият
89 Показы
Моддаи 241-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ

- Қарори судя дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ баъди қабули чунин қарор фавран иҷро карда мешавад.
- Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст, дар ҷойҳои муайяннамудаи мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳ дошта мешаванд.
- Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ ба мӯҳлати ҳабси маъмурӣ ҳисоб карда мешавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-20