Главная / Ҷамъият / Тартиби муқаррар намудан ва пардохти роялти барои истихроҷ дар шакли молӣ

Тартиби муқаррар намудан ва пардохти роялти барои истихроҷ дар шакли молӣ

Моддаи 237-и Кодекси Андоз. Тартиби муқаррар намудан ва пардохти роялти барои истихроҷ дар шакли молӣ (натуралӣ)

  1. Ҳангоми бастани созишномаи иловагӣ байни истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ва мақоми салоҳиятдор дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ пардохти роялти барои истихроҷ метавонад дар шакли аслӣ (натуралӣ) гузаронида шавад.
  2. Маблағи (арзиши) шакли аслии (натуралии) пардохти роялти барои истихроҷ бояд ба шакли пулии пардохти мазкур баробар бошад.
  3. Ҳангоми муқаррар намудани шакли аслии (натуралии) пардохти роялти барои истихроҷ дар созишномаи иловагӣ ҳатман зикр кардамешаванд:

-қабулкунандае, ки аз номи давлат қисми маҳсулоти ба роялти мувофиқро қабул мекунад(минбаъд дар фасли мазкур – қабулкунанда);

-ҳаҷм ва нархи маъданҳои фоиданоки супоридашаванда;

-маҳал ва шартҳои таҳвили маъданҳои фоиданок.

  1. Дар созишномаи иловагӣ мўҳлати аз ҷониби истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ супоридани маҳсулот ба ҳисоби роялти барои истихроҷ бояд ба мўҳлати муқарраршудаи пардохти он дар шакли пулӣ мувофиқат намояд. Дар айни замон истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар мўҳлати на дертар аз мўҳлати пардохти шакли пулии роялти барои истихроҷ маҳсулотро ба қабулкунандае, ки дар қарордоди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ муқаррар шудааст, месупорад.
  2. Қабулкунанда дар мўҳлати муқарраршуда маблағи баробари роялти барои истихроҷ дар шакли пулиро ба буҷет мегузаронад, инчунин аз ҷониби истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ сари вақт ва пурра ба вай супоридани ҳаҷми дахлдори маҳсулотро дар шакли аслӣ (натуралӣ) мустақилона назорат менамояд.
  3. Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ва қабулкунанда аз рўи шакл ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон оид ба супоридани роялти барои истихроҷ дар шакли аслӣ (натуралӣ) дар мўҳлати муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамоянд.
  4. Қабулкунанда барои сари вақт ва пурра ба буҷет гузаронидани маблағҳои пулии пардохти роялти барои истихроҷ (тибқи ҳисобҳои истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ), инчунин барои маҳсулоти қабулкардааш мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …