Главная / Ҷамъият / Меъёрҳои роялти барои истихроҷ

Меъёрҳои роялти барои истихроҷ

Моддаи 236-и Кодекси Андоз. Меъёрҳои роялти барои истихроҷ

  1. Меъёрҳои роялти барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмул ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:

 

 

 

Номгўи маъданҳои фоиданоки маъмул

 

Меъёрҳо (бо % аз манбаи андоз)
1. Рег (ба ғайр аз реги қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ) 10
2. Реги қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ 7
3. Омехтаи регу шағал 10
4. Гил (ба ғайр аз гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор ва каолин (сафедгил)) 6
5. Гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор ва каолин (сафедгил) 5
6. Гилхок (ба ғайр аз гилхоки саноати сементбарорӣ) 6
7. Гилхок барои саноати сементбарорӣ 5
8. Санги бинокорӣ 5
9. Регсанг (ба ғайр аз битуминоз, рўйбаст, динас ва барои саноати шишабарорӣ) 7
10. Регсанги битуминоз, рўйбаст, динас ва барои саноати шишабарорӣ 4
11. Бўр 5
12. Квартсит (ба ғайр аз бўтахишт, флюсӣ, рўйбаст, оҳандор барои истеҳсоли карбиди силитсий, силитсийи булўрини хўлаи оҳан) 6
13. Квартсити буттахишт, флюсӣ, рўйбаст, оҳандор барои истеҳсоли карбиди силитсий, силитсийи булўрини хўлаи оҳан 5
14. Доломит (ба ғайр аз битумнок ва барои саноати сементбарорӣ) 6
15. Доломити битумнок ва барои саноати сементбарорӣ 5
16. Мергел (ба ғайр аз битумнок ва барои саноати сементбарорӣ) 7
17. Мергели битумнок ва барои саноати сементбарорӣ 5
18. Оҳаксанг (ба ғайр аз битумнок, рўйбаст, хокабарои саноати сементбарорӣ, металлургӣ, кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок) 6
19. Оҳаксанги битумнок, рўйбаст, хока барои саноати сементбарорӣ, металлургӣ, кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок 5
20. Оҳаксанги ковок (ба ғайр аз оҳаксанги рўйбаст ва ороишӣ) 6
21. Мармар ва оҳаксанги ковоки рўйбаст ва ороишӣ 5
22. Варақсанг (ба ғайр аз варақсанги сўзанда ва бомпўшӣ) 6
23. Варақсанги сўзанда ва бомпўшӣ 5
24. Аргиллитҳо ва алевролитҳо 5
25. Ҷинсҳои магмаӣ, вулқонӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ (ба ғайр аз ҷинсҳои рўйбаст, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбардор ва кислотабардор, сангрезӣ ва пахтаи минералӣ, ба ғайр аз маводе, ки барои истифода дар саноати сементбарорӣ муносибанд) 6
26. Ҷинсҳои магмавӣ, вулқонӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ, рўйбаст, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбардор ва кислотабардор, сангрезӣ ва пахтаи минералӣ, инчунин барои истифода дар саноати сементбарорӣ муносиб 5
27. Гаҷ 5
  1. Меъёрҳои роялти барои истихроҷи обҳои зеризаминиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Меъёрҳои роялти барои истихроҷи маъданҳои фоиданок, ба истиснои онҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

 

 

 

Номгўи маъданҳои фоиданок

 

Меъёрҳо (бо фоиз аз манбаи андоз)
1. Нафт, конденсати газ ва гази табиӣ 6
2. Ангишт ва торф 4
3. Металлҳои сиёҳ (оҳан, манган, хром, ванадий) 4
4. Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, руҳ, қалъагӣ, никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, висмут, кадмий, алюминий, стронсий, титан, сирконий, литий, волфрам, тантал, ниобий ва ғайра)  

 

6

5. Маъданҳои фоиданоки пошхўрда 9
6. Металлҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо) 6
7. Сангҳои қиматбаҳо 8
8. Сангҳои ранга (зинатӣ) ва/ё ашёи хоми пйезооптикӣ 8
9. Ашёи хоми радиоактивӣ 5
10. Ашёи хоми кўҳии кимиёвӣ ва обҳои гарм 5
11. Ашёи хоми маъдани кўҳӣ (консентрат) ва/ё ашёи хоми ғайримаъданӣ барои металлургия  

5

12. Дигар маъданҳои фоиданоке, ки дар ҳамин ҷадвал, инчунин дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нишон дода нашудаанд  

 

3

13. Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, руҳ, қалъагӣ, никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, висмут, кадмий, алюминий, стронсий, титан, сирконий, литий, волфрам, тантал, ниобий ва ғайра), металлҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо), ки аз партовҳои корхонаҳои саноати кўҳӣ истихроҷ мегарданд 0,5

 

  1. Андозаи роялти барои истихроҷи ҳамаи намудҳои маъданҳои фоиданок, ки бояд ба буҷет пардохт шавад, ҳамчун ҳосили зарби арзиши (ҳаҷми) ҳар як намуди маъданҳои фоиданоки истихроҷнамудаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣдар давраи андоз ба меъёрҳои дахлдори роялти муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …