Главная / Ҷамъият / Ҳисоб кардани мӯҳлатҳои маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус

Ҳисоб кардани мӯҳлатҳои маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус

Моддаи 235-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳисоб кардани мӯҳлатҳои маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус 

  1. Давомнокии мӯҳлати маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсуси дахлдор оғоз мегардад.
  2. Дар сурати аз супоридани шаҳодатномаи дахлдор (иҷозати махсус) ё дигар ҳуҷҷатҳо саркашӣ кардани шахси аз ҳуқуқи махсус маҳрумгардида мӯҳлати маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус қатъ мегардад. Давомнокии мӯҳлати маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус аз рӯзи аз ҷониби ин шахс супоридан ё аз ӯ гирифтани шаҳодатномаи дахлдор (иҷозати махсус) ё дигар ҳуҷҷатҳо оғоз мегардад.
  3. Давомнокии мӯҳлати маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус ҳангоми нисбат ба шахси аз ҳуқуқи махсус маҳрумгардида барои бори дигар таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳамон як ҳуқуқи махсус аз рӯзи дигари баъди ба охир расидани мӯҳлати ҷазои маъмурии қаблан татбиқшуда оғоз мегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …