Главная / Ҷамъият / Манбаи андоз

Манбаи андоз

Моддаи 235-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

1.Манбаи андози роялти барои истихроҷ дар давраи андоз ин арзише мебошад, ки дар асоси нархитаҳвил ё дар ҳолати мавҷуд набудани таҳвилдар асоси арзиши аслии маҳсулоти молии якуми аз маъданҳои фоиданокистихроҷшуда дар натиҷаи коркарди аввалия (полоиш, тозакунӣ) ҳосилшуда бе андоз аз арзиши иловашуда муайян карда мешавад.

  1. Манбаи андоз барои навъҳои алоҳидаи маъданҳои фоиданок ҳамчун миқдори маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда бо ифодаи аслӣ муайян карда мешавад.
  2. Манбаи андоз доир ба ҳар як намуди маъданҳои фоиданок, аз ҷумла барои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маъданҳои фоиданоки маъмулӣ ва маъданҳои фоиданоки дигар дар шакли софи химиявӣ муайян карда мешавад.
  3. Арзиши металлҳои қиматбаҳо (тилло, нуқра ва платина) ва дигар металлҳои дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣдар асоси нархи миёнаи таҳвили чунин металлҳо, ки дар давраи андоз дар биржаи металлҳои Лондон ва биржаи металлҳои қиматбаҳои Лондон ташаккул ёфтааст, ҳисоб карда мешавад.
  4. Арзиши навъҳои алоҳидаи маъданҳои фоиданоки маъмули дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣдар асоси нархи миёнаи сметавии захираҳои асосии сохтмонии муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои сохтмон ва меъморӣ муайян карда мешавад.
  5. Агар дар қисмҳои дигари ҳамин модда муқаррароти дигаре ҷой надошта бошанд, арзиши маъданҳои фоиданоки дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар асосинархи миёнаи таҳвили ин маъданҳои фоиданок ё маҳсули якуми молии аз маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда ҳосилшуда, ки дар биржаи байналмилалӣ (минтақавӣ) дар давраи андоз ташаккул ёфтаастё бо тартиби дигари аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ муқарраршаванда муайян карда мешавад.
  6. Дар сурати дар давраи андоз маъданҳои фоиданоки истихроҷшударотаҳвил накардани андозсупоранда ва маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда ва (ё) маҳсулоти якуми молии аз ин маъданҳои фоиданок ҳосилшударо пурра барои эҳтиёҷоти худ истифода кардани андозсупоранда, арзиши маъданҳои фоиданоки дар давраи андоз истихроҷшуда дар асоси арзиши аслии воқеии истихроҷ ва (ё) коркарди аввалия (полоиш, тозакунӣ), ки ба ин маъданҳои фоиданок тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ рост меояд, 20 фоиз зиёдкардашуда, муайян карда мешавад.Дар баробари ин ба арзиши аслии маъданҳои фоиданоки истихроҷкарда хароҷоти моддӣ, хароҷоти музди меҳнат, маблағҳои ҳисобшудаи истеҳлок, хароҷот барои таъмир, хароҷоти азхудкунии захираҳои табиӣ ва хароҷотидигар дохил карда мешаванд.
  7. Баҳодиҳии арзиши сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда дар асосибаҳодиҳии ибтидоии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо анҷом дода мешавад.
  8. Ҳангоми истихроҷи якчанд намудҳои маъданҳои фоиданок роялти барои истихроҷ аз рўи ҳар намудимаъданҳои фоиданок алоҳида ҳисоб ва пардохт карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …