Главная / Ҷамъият / бъекти андозбандӣ

бъекти андозбандӣ

Моддаи 234-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандӣ маъданҳои фоиданоки зерин мебошанд:

-аз конҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи сарватҳои зеризаминии ба андозсупоранда ҷудошуда истихроҷшаванда;

-аз партовҳо (талафот) ҳосилкардашуда, агар барои чунин ҳосилкунӣ иҷозатномаи (иҷозати) алоҳида дода шавад.

  1. Объекти роялти барои истихроҷ доир ба ҳар намуди маҳсулоти тайёр алоҳида муқаррар карда мешавад.

3.Объекти андозбандӣ барои карбогидратҳо инҳо мебошанд:

-карбогидратҳои истихроҷшудаи коркарди аввалияро гузашта, аз ҷумла маъданҳои фоиданоки ҳамроҳ ва ҷузъҳои фоиданоки он;

-ҷузъҳои фоиданок, ки дар ҷараёни коркарди карбогидратҳо ба даст оварда, ҳамчун маҳсулоти тайёр ҳангоми истихроҷ ва коркарди қаблӣ дар таркиби маъданҳои фоиданоки коркардшаванда андозбандӣ нашудаанд.

  1. Объекти роялти барои истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла аз зуҳуроти минералиитехногенӣ мебошад.
  2. Объекти роялти барои истихроҷи ҷисмҳои сахти маъданҳои фоиданок инҳо мебошанд:

-ҷисмҳои сахти маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда ва (ё) ҳосилшуда, аз ҷумла аз зуҳуроти минералии техногенӣ;

-маъданҳои фоиданоки дар ҷараёни коркард ҳосилнамудаи корхонаҳои коркардкунанда.

  1. Объектҳои роялти барои истихроҷчунин истихроҷро дар бар мегиранд:

1) Худи маъданҳои фоиданок:

а) нафт, гази табиӣ ва конденсати газ;

б) ангишт ва варақсанги сўзанда;

в) маъданҳои молӣ;

г) обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла аз коркарди аввалия гузашта;

д) абрақ, асбест, ашёи хом барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон;

е) ашёи хоми ғайримаъдан барои металлургия.

2) Металлҳои қиматбаҳо ва (ё) металлҳои софи химиявӣ дар қум, маъданҳо, консентратҳо.

3) Консентрати металлҳои сиёҳ, ранга, нодир ва радиоактивӣ, ашёи хоми кимиёвии кўҳӣ.

4) Сангҳои қиматбаҳо, ашёи хоми сангҳои ороишӣ ва пйезооптикии аз  коркарди аввалия гузашта.

5) Маъданҳои фоиданоки дигар, аз ҷумла ашёи хоми минералии аз коркарди аввалия гузашта.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …