Главная / Ҷамъият / Иҷрои қарор оид ба маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус
Иҷрои қарор оид ба маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус
20.04.2018
61 Показы
Моддаи 233-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Иҷрои қарор оид ба маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус

- Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ иҷро карда мешавад.
- Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёти техникӣ (трактор, мошинаҳои худгард ва дигар намудҳои техникаи кишоварзӣ) аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти назорати давлатии ҳолати техникӣ иҷро карда мешавад.
- Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи киштиҳои хурдҳаҷм аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ба иҷро расонида мешавад.
- Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти анҷомдиҳандаи назорати давлатии соҳаи алоқа иҷро карда мешавад.
- Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи шикор аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии риояи қоидаҳои шикор иҷро карда мешавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-20
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …