Моддаи 232-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ
Роялти барои истихроҷ андозе мебошад, ки истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз рўи ҳар як намуди маъданҳои фоиданоки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷшаванда, новобаста ба он, ки онҳо ба харидорон (қабулкунандагон) таҳвил (бор карда фиристода) шудаанд ё барои эҳтиёҷоти худӣ истифода гардидаанд, алоҳида месупорад.