Главная / Ҷамъият / Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо

Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо

Моддаи 23-и  Қарори шаҳрсозӣ. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо

  1. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошанд.
    2. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд:
    – таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд ва барои таҳияи онҳо шартнома банданд;
    – пудратчиёни сохтмони объектҳоро интихоб намоянд ва бо онҳо шартнома банданд;
    – тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигарро амалӣ намоянд.
    3. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд:
    – қонунгузории соҳаи шаҳрсозиро риоя намоянд;
    – экспертизаи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки тибқи моддаи 64 Кодекси мазкур аз экспертиза гузаронидани онҳо ҳатмӣ нест, бо тартиби муқарраргардида таъмин намоянд;
    – ҷараёни лоиҳакашӣ ва назорати техникии сифати сохтмонро назорат кунанд;
    – иҷрои назорати муаллифиро ҳангоми татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ таъмин намоянд;
    – тайёрии саривақтии ҳуҷҷатҳои ибтидоию иҷозатдиҳӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро таъмин намоянд.
    4. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳо бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …