Главная / Ҷамъият / Маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Моддаи 229-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

  1. Дар ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба хизмати давлатӣ алоқаманд аст, дар ду вазифаи (мансаби) роҳбарикунанда бо шартҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан роҳ дода намешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигар муайян нашуда бошанд.
  2. Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то ҳаждаҳ, занони ҳомила, инчунин дар корҳои шароити меҳнати зарарнок дошта, агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ аст.
  3. Дар ду (якчанд) ҷой ҳамроҳ кор кардани хешовандони наздике, ки дар қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст дар ташкилотҳои давлатӣ, ки фаъолияташон ба хизмати давлатӣ алоқаманд мебошад, манъ аст.
  4. Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардани кормандон, инчунин дар масъалаи пардохти музди рухсатии меҳнатӣ ё пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …