Главная / Ҷамъият / Муқаррароти умумӣ

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 227-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ

  1. Бонуси кашфи тиҷоратӣ андози устувори яккаратаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ барои кашф ва бақайдгирии конҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ барои истихроҷ муносиб, инчунин гирифтани ҳуқуқи истихроҷ дар ҳудуде мебошад, ки дар иҷозатнома (иҷозат) муайян шудааст.
  2. Бонуси кашфи тиҷоратиро истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар асоси иҷозатномаҳои (иҷозати) зерин фаъолияткунанда пардохт менамоянд:

1) Барои истихроҷи маъданҳои фоиданок дар ҳолатҳои зерин:

а) барои ҳар як кашфи тиҷоратии маъданҳои фоиданок дар ҳудуди қарордодие, ки қаблан аз ҷониби ҳамин истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣдар қаламрави дахлдор дар доираи иҷозатнома (иҷозат) барои иктишоф эълон шудааст;

б) барои кашф дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳо, ки боиси зиёдшавии ҳаҷми истихроҷи захираҳои маъданҳои фоиданоки дар ибтидо аз ҷониби мақоми давлатии барои ин мақсадҳо ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мегардад;

в) барои ҳар як кашфи тиҷоратиидигар маъданҳои фоиданоки дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳои захираҳои истихроҷшавандае, ки аз ҷониби мақоми давлатии барои ин мақсадҳо ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.

2) Барои иктишоф ва истихроҷи якҷоя нисбат ба ҳар як кашфи тиҷоратии маъданҳои фоиданок дар ҳудуди қарордодӣ, аз ҷумла барои кашф дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳо, ки боиси зиёдшавии захираҳои маъданҳои фоиданоки истихроҷшавандаи дар ибтидо аз ҷониби мақоми давлатии барои ин мақсадҳо ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мегардад.

  1. Доир ба иҷозатномаҳо (иҷозатҳо) барои гузаронидани иктишофи конҳои маъданҳои фоиданок, ки истихроҷи минбаъдаи онро пешбинӣ намекунад, бонуси кашфи тиҷоратӣ пардохт намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …