Главная / Ҷамъият / Ба охир расидани пешбурди иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ

Ба охир расидани пешбурди иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ

Моддаи 226-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ба охир расидани пешбурди иҷрои қарори таъин  кардани ҷазои маъмурӣ

  1. Қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ, ки пурра иҷро шудааст, бо қайди дахлдор дар бораи ҷазои маъмурии иҷрогардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро ба иҷро расонидааст, ба судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро қабул кардааст, баргардонида мешавад.
  2. Қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ, ки иҷрои он таъмин нагардидааст ё нопурра иҷро шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) иҷрокунандаи қарор ба судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро қабул кардааст, дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:

– агар дар суроғаи зикрнамудаи судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст, шахси воқеии ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда истиқомат, кор ё таҳсил накунад ё шахси ҳуқуқии ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда ё молу мулки шахсони зикргардида, ки ба он метавонад ҷазои маъмурӣ таъин шавад, дар он суроға қарор надошта бошанд;

– агар шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда молу мулк ё даромаде надошта бошад, ки ба он ҷазои маъмурӣ таъин карда шавад ва тадбирҳои оид ба дарёфти молу мулки чунин шахс андешидашуда бенатиҷа монда бошанд;

– агар мӯҳлати давомнокии иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, гузашта бошад.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 ҳамин модда мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ таҳти иҷрои ӯ мебошад, санади дахлдор тартиб медиҳад ва он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) болоӣ тасдиқ карда мешавад.
  2. Баргардонидани қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 ҳамин модда барои иҷро қабул кардани қарори нав дар доираи мӯҳлати пешбининамудаи Кодекси мазкур монеа шуда наметавонад.
  3. Агар мӯҳлати давомнокии иҷрои қарор гузашта бошад ва иҷрои он таъмин нагардида бошад ё нопурра иҷро шуда бошад, қарор мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ба судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст, баргардонида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …