Главная / Ҷамъият / Мўҳлати пардохти бонуси обунавӣ

Мўҳлати пардохти бонуси обунавӣ

Моддаи 225-и Кодекси Андоз. Мўҳлати пардохти бонуси обунавӣ

  1. Бонуси обунавӣ дар мўҳлатҳои зерин пардохт мешавад, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188):

-панҷоҳ фоизи маблағи муқарраршуда дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз санаи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ барои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;

-панҷоҳ фоизи маблағи муқарраршудаибоқимонда на дертар аз 30 рўзи тақвимӣ аз санаи эътибор пайдо кардани қарордод дар бораи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ.

  1. Бонуси обунавӣ доир ба маъданҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминӣ ба буҷети маҳалли ҷойгиршавии кон пардохт мешавад.
  2. Доир ба конҳои ҷудогонаи маъданҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мўҳлати дигари пардохти бонуси обунавиро муқаррар намояд.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …