Главная / Ҷамъият / Ҳалли масъалаҳои вобаста ба иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ ба шахси ноболиғ

Ҳалли масъалаҳои вобаста ба иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ ба шахси ноболиғ

Моддаи 224-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ ба шахси ноболиғ 

  1. Масъалаҳои ба таъхир гузоштан, боздоштан ё қатъ кардани иҷрои қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ, инчунин рӯёнидани ҷаримаи маъмурии ба шахси ноболиғ таъиншуда аз падару модар ё намояндаи қонунии ӯ аз тарафи судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки чунин қарорро қабул кардаанд, дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди ба миён омадани асос барои ҳалли масъалаи дахлдор баррасӣ мешаванд.
  2. Шахсоне, ки барои ҳалли масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида манфиатдоранд, дар бораи вақт ва маҳалли баррасӣ хабардор карда мешаванд. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахсони манфиатдор барои ҳалли масъалаҳои дахлдор монеъ шуда наметавонад.
  3. Қарор оид ба масъалаҳои ба таъхир гузоштан, ба мӯҳлатҳо ҷудо кардан ё боздоштани иҷрои қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ, инчунин рӯёнидани ҷаримаи маъмурии нисбати шахси ноболиғ таъингардида аз падару модар ё намояндаи қонунии ӯ дар намуди таъинот бароварда мешавад. Нусхаи таъинот ба шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо ин таъинот бароварда шудааст, инчунин ба ҷабрдида тибқи дархост супорида мешавад. Ҳангоми ҳозир набудани шахсони зикргардида нусхаи таъинот ба онҳо дар давоми се шабонарӯзи баъди баровардани он фиристонида, дар ин бора дар парванда қайди дахлдор карда мешавад.
  4. Масъалаи қатъ кардани иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар шакли қарор қабул карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …