Главная / Ҷамъият / Рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд

Рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд

Моддаи 223-и Кодекси Меҳнат. Рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд

  1. Ба занони ҳомила дар асоси варақаи корношоямии бо тартиби муқарраргардида додашуда пеш аз таваллуд ҳафтод рўзи тақвимӣ ва баъд аз таваллуд низ ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил – ҳаштоду шаш, таваллуди ду ва ё зиёдаи кўдак – яксаду даҳ) рўзи тақвимӣ рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дода, кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешавад.
  2. Ба занон рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, новобаста аз рўзҳои истифодаи воқеӣ то таваллуд ва давомияти кор дар ташкилот дар маҷмўъ пурра ҳисоб карда, дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …