Главная / Ҷамъият / Қатъи иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ

Қатъи иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ

Моддаи 223-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Қатъи иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ 

Судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ қарор қабул намудааст, дар ҳолатҳои зерин иҷрои қарорро қатъ менамояд:

– ҳангоми қабули санади авф, агар чунин санад ба татбиқи ҷазои маъмурӣ монеъ шавад;

– дар сурати бекор кардан ё беэътибор донистани қонун ё муқаррароти алоҳидаи он, ки ҷавобгарии маъмуриро барои кирдори содиргардида муқаррар менамояд;

– ҳангоми фавти шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда ё бо тартиби муқарраргардида фавтида эълон шудани ӯ;

– агар аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун ё муқаррароти алоҳидаи он, ки ҷавобгарии маъмуриро муқаррар менамояд, хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)

– ҳангоми гузаштани мӯҳлати идомаи иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ, ки дар Кодекси мазкур муқаррар шудааст;

– дар сурати қабул гардидани қарори қатъи иҷрои қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …