Главная / Ҷамъият / Андозсупорандагон

Андозсупорандагон

Моддаи 223-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон

1.Бонуси обунавӣ аз ҷониби шахсе пардохт мешавад, ки дар озмун барои гирифтани ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ғолиб омадааст ё ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминиро дар асоси музокироти мустақим тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст, инчунин шахсе, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида яке аз иҷозатномаҳои (иҷозатҳои) зеринро гирифтааст:

-иҷозатнома (иҷозат) барои омўзиши геологӣ;

-иҷозатнома (иҷозат) барои истихроҷи маъданҳои фоиданок.

  1. Муқаррароти сархати дуюми қисми 1 ҳамин модда ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки дар асоси ҳуқуқи истисноӣ барои истихроҷ вобаста ба кашфи тиҷоратӣ дар доираи иҷозатнома (иҷозат) барои омўзиш дар ҳудуди дахлдор қарордод бастаанд, татбиқ намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …