Главная / Ҷамъият / Муқаррароти асосӣ

Муқаррароти асосӣ

Моддаи 220-и Кодекси Андоз. Муқаррароти асосӣ

  1. Дар боби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

-истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ–шахсоне, ки новобастаба доштани иҷозатнома (иҷозат), корҳои геологӣ ва (ё) истихроҷи маъданҳои фоиданокро анҷом медиҳанд;

-кон – қисми қитъаи сарватҳои зеризаминие, ки анбўҳи табиии  маъданҳои  фоиданокродар бар мегирад;

-маъдани фоиданок – моддаҳои табиии минералӣдар ҳолатҳои сахт, моеъ ва (ё) газмонанди (аз ҷумла обҳои зеризаминӣ ва лойҳои табобатӣ), кидар сарватҳои зеризаминӣҷой дошта, барои истифодаи истеҳсолӣ ва (ё)истеъмолӣ короям мебошанд;

-истихроҷ – маҷмўи корҳое, ки бо берун бароварданимаъданҳои фоиданок аз сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла аз зуҳуроти минералии техногенӣ алоқаманд мебошанд;

-коркарди ашёи хоми минералӣ– корҳои марбут ба ҳосил намудани  маъданҳои фоиданок аз ашёи хоми минералӣ;

-кашфи тиҷоратӣ – захираҳои маъданҳои фоиданоки дар ҳудуди қарордодии истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ кашфгардида, ки аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои маъданҳои фоиданок тасдиқ гардидаанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ барои истихроҷ самаранок мебошанд;

-бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ – андозҳои устувори яккаратае мебошанд, ки истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ба истиснои корхонаҳои давлатие, ки корҳои омўзиши геологии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро анҷом медиҳанд, бояд пардохт намоянд;

-роялти барои истихроҷ – андози доимии аз ҷониби андозсупоранда (истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ) ҳангоми истихроҷи маъданҳои фоиданок пардохтшаванда.

  1. Пардохти андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣистифодабарандаи сарватҳои зеризаминиро аз пардохти андозҳои дигари муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, инчунин аз иҷрои ўҳдадориҳои андозӣ барои анҷоми намудҳои дигари фаъолият (ки бо истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ алоқаманд нестанд)мутобиқи қонунгузории андози дар санаи ба миён омадани чунин ўҳдадориҳо(бо истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ алоқаманд набуда) амалкунанда озод намекунад.
  2. Ғайрирезидент метавонад истифодабарии сарватҳои зеризаминиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шахси ҳуқуқии таъсисдодааш ё филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ ба амал барорад.
  3. Андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣаз ҷониби шахсони зерин супорида намешаванд:

– шахсони воқеӣ бароимаъданҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминие, ки дар қитъаҳои замини ба онҳо барои истифода вобасташуда истихроҷ менамоянд, агар чунин маъданҳои фоиданоки истихроҷшаванда барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда нашаванд;

-истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва муассисаҳои давлатие, ки обҳои зеризаминиро барои эҳтиёҷоти хоҷагидории худ ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ истихроҷ менамоянд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

-истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣбарои истихроҷи зимнии обҳои зеризаминӣҳангоми баргашта пур кардани ин обҳо барои нигоҳдории фишори қишри замин;

-шахсоне, ки обҳои зеризаминии дренажии дар тавозуни давлатии маъданҳои фоиданок ба назар гирифтанашавандаро ҳангоми коркарди конҳои маъданҳои фоиданок, сохтмон ва истифодаи иншооти зеризаминӣ, истифодабарии заминҳои поёноби ботлоқшуда истихроҷ менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …