Главная / Ҷамъият / Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохтани андоз

Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохтани андоз

Моддаи 218-и Кодекси Андоз. Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохтани андоз

  1. Маблағи андози иҷтимоӣ, ки ба буҷет бояд гузаронда шавад бо роҳи зарб задани манбаи андозбандӣ ба меъёрҳои дахлдори андоз муайян карда мешавад, агар дар боби мазкур тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
  2. Андози иҷтимоӣ дар ҳолатҳои дар сархатҳои якум – сеюми қисми 1 моддаи 212Кодекси мазкур пешбинишуда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 125 Кодекси мазкур то санаи 15-уми моҳе, ки пас аз давраи андозӣ фаро мерасад, ба буҷет гузаронда мешавад.
  3. Андози иҷтимоиро ба ҷои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар хизмати давлатӣ қарор доранд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ҳамчун корфармо то санаи 15-уми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ҳисоб пешниҳод намуда, дар ҳамин мўҳлат андозро меситонад.
  4. Соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент фаъолият мекунанд, андози иҷтимоиро ҳамзамон бо гузаронидани маблағ ба буҷет барои патент месупоранд.Соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунанд, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 2 моддаи 216 Кодекси мазкур зикр шудаанд барои давраи андоз то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аздавраи ҳисоботӣ фаро мерасад, эъломияи андозро пешниҳод намуда, дар ҳамин мўҳлат маблағи андозро пардохт менамоянд.
  5. Андозсупорандагон-шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, муассисаҳои доимииғайрирезидентҳо, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунандаи дар сархатҳои якум ва дуюмиқисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардидаэъломияи ягонаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии худҳармоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, аз рўи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намуда, дар ҳамин мўҳлат маблағи андозҳоро пардохт менамоянд.
  6. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ ҳар нимсолаи тақвимӣ то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз нимсолаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгириашоннисбат ба аъзои ин хоҷагиҳодар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ эъломияи андози иҷтимоӣ пешниҳод намуда, дар ҳамин мўҳлат маблағи андозро пардохт менамоянд.
  7. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 3 моддаи 216 Кодекси мазкур зикр шудаанд, ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ эъломияи ягонаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад пешниҳод намуда, дар ҳамин мўҳлат пардохти андозҳоро таъмин менамоянд.
  8. Назорати пардохти андози иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
  9. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ, шаклҳои эъломияҳои (ҳисобҳои) андоз аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …