Главная / Ҷамъият / Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 216-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои зерин эътибори қонунӣ пайдо менамояд:

– баъди ба охир расидани мӯҳлати шикоят ё эътироз овардан нисбат ба қарор, агар оид ба қарор шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад;

– баъди ба охир расидани мӯҳлати шикоят ё эътироз овардан вобаста ба қарори аз натиҷаи шикоят ва эътироз қабулгардида, агар вобаста ба ин қарор шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қарори мазкур қарори қаблан қабулгардида бекор  карда шуда бошад;

– фавран баъди қабули қарор аз натиҷаи баррасии шикоят ё эътирозе, ки вобаста ба он шикоят карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қарори зикршуда қарори қаблан қабулгардида бекор карда шуда бошад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …