Главная / Ҷамъият / Қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо татбиқи чораҳои тарбиявӣ

Қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо татбиқи чораҳои тарбиявӣ

Моддаи 215-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Қатъ  кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо татбиқи чораҳои тарбиявӣ 

Агар дар ҷараёни баррасии парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар  гардад, ки ноболиғ ин кирдорро бори аввал содир  кардааст ва ислоҳи ӯ бе татбиқи ҷазои маъмурӣ имкон дошта бошад суд, прокурор ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ҳуқуқ  доранд, ки парвандаро нисбат ба ноболиғ бо  татбиқи  чораҳои  тарбиявӣ қатъ намоянд. Ин гуна қарор танҳо дар ҳолате қабул шуда метавонад, ки ба он ноболиғ ва намояндаи  қонунии ӯ розӣ бошанд. Нусхаи қарор дар  бораи қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғ бо татбиқи чораҳои зикршуда ба комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак фиристонида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …