Иштироки омӯзгор ва равоншинос
Meg S
20.04.2018
Ҷамъият
77 Показы
Моддаи 213-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Иштироки омӯзгор ва равоншинос

- Ҳангоми гирифтани баёноти ноболиғ, ҳамчунин ноболиғе, ки ноқисулақл дониста шудааст, иштироки омӯзгор ва равоншинос ҳатмист.
- Омӯзгор ва равоншинос ҳуқуқ доранд ба ноболиғе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, саволҳо диҳанд ва баъди ба охир расидани гирифтани баёнот бо он шинос шаванд ва доир ба дурустӣ ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшонро навишта диҳанд. Ин ҳуқуқро суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) пеш аз гирифтани баёнот ба омӯзгор ё равоншинос мефаҳмонанд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-20