Главная / Ҷамъият / Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ

Моддаи 213-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ

  1. Барои андозсупорандагони дар сархатҳои якум ва сеюмиқисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардидаобъекти андозбандӣ инҳо мебошанд:

-музди меҳнат, подошпулӣ ва даромадҳои дигари мутобиқи моддаи 99 Кодекси мазкур муайяншаванда, ки аз ҷониби андозсупоранда ба манфиати кормандони кироя пардохт мешаванд;

-пардохтҳо, подошпулӣ ва ҳар гуна даромад ба манфиати шахси воқеӣ пардохтшванда, ки дар сархатҳои якум ва дуюмиқисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур нишон дода нашудааст.

  1. Барои андозсупорандагони дар сархатҳои дуюм ва сеюмиқисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида объекти андозбандӣ музди меҳнат, подошпулӣ ва манфиатҳои дигар мутобиқи шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ва гражданииҳуқуқӣ оид ба иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, аз ҷумла пардохт ва подошпулӣ мутобиқи шартномаҳои муаллифӣ мебошад, ки андозсупорандагон ба манфиати шахсони воқеие мепардозанд, ки соҳибкорони инфиродӣ намебошанд.
  2. Барои андозсупорандагони дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардидаобъекти андозбандӣ даромади умумӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
  3. Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин моддаинҳо ба объекти андозбандӣ дохил намешаванд:

-маблағҳое, ки дар доираи шартномаҳои граждании ҳуқуқӣ, ки мавзўи онҳо гузариши ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молӣ ба молу мулк (ҳуқуқи молу мулкӣ) мебошад, инчунин шартномаҳои марбут ба додани ҳуқуқи истифодаи молу мулк (ҳуқуқи молу мулкӣ)пардохт шудаанд;

-маблағҳое, ки дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии бо филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқӣ-резидентҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта басташуда ба манфиати шахсони воқеие пардохт мешаванд, ки шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд мебошанд;

-маблағҳое, ки ба манфиати шахсони воқеӣ – шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ бо сабаби аз ҷониби онҳо анҷом додани фаъолият берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои басташудаи хусусияти граждании ҳуқуқидошта, ки матлаби онҳо иҷрои кор, расонидани хизмат мебошад, пардохт шудаанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …