Главная / Ҷамъият / Андозсупорандагон

Андозсупорандагон

Моддаи 212-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон

  1. Супорандагони андози иҷтимоӣ инҳо мебошанд:

-шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаионҳо, муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо ва соҳибкорони инфиродӣ – корфармоён, ки ба шахсони воқеӣ-резидентҳои бо онҳо дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ё бе шартнома ҳамчун коргарони кироя кор мекунанд, музди меҳнат, подошпулӣ ва манфиатҳои дигар медиҳанд;

-шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба шахсони воқеӣ-резидентҳои ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтанашуда дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти гражданииҳуқуқӣ ё бе шартнома ҳаққи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи хизматҳои расонидашударо (корҳои иҷрошударо) ҷуброн менамоянд;

– шахсони воқеии дар сархатҳои якум ва дуюмиҳамин қисмпешбинигардида, ки пардохт гирифтаанд;

– шахсони воқеие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорииинфиродӣ машғуланд, аз ҷумла онҳое, ки ба сифати аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият мекунанд.

  1. Агар андозсупоранда дар як вақт ба якчанд категорияҳои андозсупорандагони дар қисми 1 ҳамин моддапешбинигардида мансуб бошад, ў доир ба ҳар як ҳолат андозро ҳисоб ва пардохт менамояд.
  2. Минбаъд дар ҳамин боб супорандагони дар сархатҳои якум ва дуюмиқисми 1 ҳамин моддапешбинишуда суғуртакунандагон, супорандагони дар сархати сеюми қисми 1 ҳамин моддапешбинишуда – суғурташудагон, супорандагони дар сархати чоруми қисми 1 ҳамин моддапешбинишуда – ҳамзамон шахсони суғуртакунанда ва суғурташаванда номида мешаванд.
  3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд ҳуқуқ доранд ба мақомоти андози маҳалли зисташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи хаттӣ муроҷиат намуда, ихтиёран супорандаи андози иҷтимоӣ шаванд ва онро дар ҳаҷм ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …