Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳое, ки доир ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон бояд муқаррар карда шаванд

Ҳолатҳое, ки доир ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон бояд муқаррар карда шаванд

Моддаи 209-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳолатҳое, ки доир ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон бояд муқаррар карда шаванд 

  1. Ҳангоми гузаронидани мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон дар баробари исботи ҳолатҳои дар боби 5  Кодекси мазкур зикршуда бояд ҳолатҳои зерин муайян карда шаванд:

– синну соли ноболиғ (сана, моҳ ва соли таваллуд);

– шароити зиндагӣ ва таълиму тарбия,  дараҷаи  инкишофи  зеҳнӣ,  ирода  ва рӯҳӣ,  хислат ва миҷоз,  талабот ва завқу рағбат;

– таъсири шахсони калонсол ва ноболиғони дигар.

  1. Ноболиғе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ мегардад, мумкин аст, дар вақти баррасии ҳолатҳое, ки метавонанд ба ӯ таъсири манфӣ расонанд, аз муҳокима берун карда шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …