Моддаи 208-и Кодекси Андоз. Пешниҳоди эъломия
- Супорандагони аксиз эъломияҳои андозро бо замима намудани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои қабулшуда ва (ё) ирсолшуда мувофиқи тартиб ва дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз давраи ҳисоботии андоз фаро мерасад, пешниҳод менамоянд.
- Супорандагони аксиз аз рўи молҳои зераксизӣ дорои воҳидҳои алоҳида ҳамзамон бо эъломия ҳисобҳои аксиз барои воҳидҳои алоҳидаропешниҳод менамоянд.
- Эъломия оид ба пардохти аксизҳо барои хизматрасониҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ на дертар аз санаи 10-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботии андоз ба мақомоти андозе, ки андозсупоранда дар он ба ҳисоб гузошта шудааст, пешниҳод карда мешавад.
- Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо, инчунин шаклҳои эъломияҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.